Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 January 2011

29 январи соли 2011 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев нахустин ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба омодагиҳо ба баргузории Наврӯзи байналмилалии соли 2011 дар  шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар кори ситод муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Р. Қурбонова, мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Ҳ. Факеров,  вазирони фарҳанг ва маориф М. Асрорӣ ва А. Раҳмонов, ректорони донишгоҳҳои олии дар пойтахт фаъолиятдошта, кулли санъаткорону ҳунармандон ва  композиторони дар сенарияи наврӯзӣ ширкаткунанда иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи тамоми масъулинро ба моҳият ва аҳамияти Наврӯзи байналмилалии дар пойтахт таҷлилшаванда, ки дар соли 20-солагии Истиқолияти давлатӣ истиқбол карда мешавад, нигаронида, вобаста аз ҷузъиёти сенарияи тасдиқгардида бобати шурӯи корҳои омодагӣ дастурҳои мушаххас дод.

Бо дарназардошти ҷалби васеи иштирокдорон дар барномаҳои театрикунонидаи маъракаи Наврӯзӣ, ки аз потенсиали донишҷӯён истифода карда мешавад, муқаррар сохт, ки тибқи нақшаи бо ректорони донишгоҳҳо мувофиқашуда бидуни халалдор намудани ҷараёни таълим бо тарҳрезии соат ва бахшҳои тамринӣ  машқҳои омодагӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин зимн дастур фармуд, ки ҷиҳати ташкили хӯроки яквақта ба донишҷӯён, таъмини ҳолати санитарӣ дар машқгоҳ – Наврӯзгоҳи шаҳрӣ  ва дастгирии молиявию пардохти хароҷоти роҳкирои онҳо дар тӯли иштирокашон дар машқҳои омодагӣ тадбирҳои воқеӣ андешида шаванд.

Инчунин дар расми тантанавӣ дар ҷаласа калиди квартираҳои 4 – ҳуҷрагӣ ба ҳунармандони барномаи телевизионии «Лаҳзаҳои гуворо» Холмурод Сиддиқов, Нуриддин Насриддинов, Гулбибӣ Абдулҳаева, Ҷамшед Ҳалимов  ва квартираи сеҳуҷрагӣ ба навозандаи ансамлби «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио Губаҳор Шокирова мувофиқ ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Э. Раҳмон тақдим карда шуданд.