Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 February 2018

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили  «Рӯзи Модар»          

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи Модар» - 8 март дар шаҳри Душанбе ва таҳкиму арҷгузорӣ ба мақому манзалати модар мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

                                           ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили  «Рӯзи Модар» тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2.Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Саидзода Қ.Т., Ҷумазода Ф.Т., Раҳимзода Т.К., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н., раисони ноҳияҳои шаҳр (Табарзода Ҷ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф.) ва роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро дар муҳлати муқарраргардида таъмин намоянд.

3.Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро дар васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. 

 

                                                                                      Рустами Эмомалӣ