Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 March 2018

Дар  бораи  гузаронидани озмуни «Авто-Бону - 2018»

                   
Бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии занҳои ронанда, такмили шаклу усулҳои кор оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бехатар идора намудани воситаҳои нақлиёт ва бо инобати муроҷиати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2018, №51-203 оид ба гузаронидани озмуни «Авто-Бону-2018», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                               ҚАРОР   МЕКУНАМ:
  
  1. Ба Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани озмуни «Авто-Бону-2018» дар шаҳри Душанбе санаи 3 марти соли 2018 аз соати 900 то 1030 дар пойгоҳи мошинронии ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнӣ иҷозат дода шавад.
  2. Муқаррар карда шавад, ки макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» сурат гирифта, баъдан қатораи автомобилҳои иштирокчиёни озмун бо мушоиати автомобилҳои патрулии Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мотосиклронҳои Клуби ҷумҳуриявии Ҷамъияти мададгори мудофиа ҳаракатро тавассути кӯчаю хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ, С.Айни то пойгоҳи автомобилронии ба номи А. Турсунов ба роҳ монанд.
  3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҳангоми гузаронидани озмуни «Авто-Бону-2018» таъмин намояд.
  4. Раёсати итилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони  Душанбе» инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монанд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.  

                                                                
                                                                                 Рустами Эмомалӣ