Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 March 2018

 Дар бораи тасдиқ намудани «Барномаи рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020»                                               

Бо мақсади татбиқи амалии нишондодҳои Стратегияи миллии  рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 24 июли соли 2017, №149 «Дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳо, нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва навгониҳо дар ин самт мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

                                            ҚАРОР МЕКУНАМ:

 1. Барномаи давлатии рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020 тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шавад.

2. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе татбиқи Барномаи мазкурро таъмин намояд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои татбиқи амалии «Барномаи рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020» маблағи пешбинишударо дар буҷети соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои соли 2018 ҷудо ва солҳои минбаъда тибқи тартиби муайянгардида, пешбинӣ намояд.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                              Рустами Эмомалӣ