Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 March 2018

Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 - 2021»

                                                        

Бо мақсади мукаммалгардонии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, рушду инкишоф ва таъмини оммавияти варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар, инчунин баҳри ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии сокинони пойтахт ва таъмини варзишгарони шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои ҷумҳурию байналмилалӣ, ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №260 «Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2021», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

                                         ҚАРОР      МЕКУНАМ:

1. Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 - 2021 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он тибқи замимаи 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи Барнома ва Нақшаи мазкур муқаррар карда шуда, ҷиҳати иҷрои онҳо бо сохторҳои марбута ҳамкориро ба роҳ монад.

3. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳар сол на дертар аз 10 январ доир ба корҳои анҷомдодашуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузориш пешниҳод намоянд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дар солҳои минбаъда ҷиҳати иҷрои банди 1 қарори мазкур маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

5. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Самӣ Ш.Ҳ., Табарзода Ҷ.А., Салимзода Н.Ф. ва Ҳакимзода Н.Ҳ.) дар доираи маблағҳои дар буҷети ноҳияҳо пешбинишуда, Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2018 - 2021 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи онро таҳия ва иҷрои онро таъмин намоянд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                               Рустами Эмомалӣ