Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 February 2011

3 феврали соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми ситоди омодагиҳо ба Наврӯзи байналмилалии 2011 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷиҳати мувофиқ ба сатҳи Наврӯзи байналмилалӣ таҳия намудани рамз ва либоси наврӯзӣ, ки таҷассумкунандаи  ѓояи асил бо ҷавобгӯ будан ба арзишҳои муосир, ки пайванди ногусастаи ҳазорсолаҳоро эҳёи тоза мебахшад шаш гурӯҳи кории эҷодӣ: Академияи илмҳои ҶТ таҳти раёсати М. Илолов, Вазорати фарҳанг- М. Асрорӣ, Иттифоқи нависандагон – М. Бахтӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе – У. Раҷабов,  Ташкилотҳои дизайнерӣ – Н. Шоев (ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон), Тарроҳони ҷавон- У. Неъматов– тарроҳи либос, таъсис дода шуд, ки то 10 феврали соли 2011 муваззафанд пешниҳодоти худро унвонии Ситоди шаҳрӣ бобати интихоб ирсол созанд.

Ҳамзамон тасмим гардид, ки бори нахуст ҷиҳати истиқболи фарорасии Наврӯз шаби 20 ба 21 марти соли 2011 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт барномаи консертии бошукӯҳи идона таҳти роҳбарии коргардон Н. Ҷалолов баргузор карда мешавад, ки поёни ин шаби истиқбол фазои майдонро мушакпаррониҳои Наврӯзӣ дурахшон хоҳад намуд.