Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 Март 2018

 ш.Душанбе, 06.03.2018.  Имрӯз мусобиқаи волейболбозон барои дарёфти "Ҷоми  Раиси шаҳри Душанбе" бо иштироки бонувони сохторҳои вазорату идора, раёсату муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи модар гузаронида шуд, ҷамъбаст гардид.

Тули 2 моҳ 25 дастаи бонувон аз корхонаву муассисаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни худ қувва озмуданд.

Мусобиқа 6 январ бо бозии дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва "Насли солим"-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар арафаи таҷлили Рӯзи модар - 6 марти марти соли 2018 ҷамъбаст карда шуд.

Дар рақобати ниҳоии мусобиқа дастаи волейболбозони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия бар тими Бонки миллии Тоҷикистон дастболо шуда, ғолиби мусобиқа ва соҳиби "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" гардиданд.

Дастаи Бонки миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва  бонувони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарёфти мақоми сеюм ноил шуданд. Ҷойи чоруми мусобиқа сазовори варзишгарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гардид.

Ғолибон бо "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе", медалу диплом ва туҳфаҳои молию пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд. 

Тамоми рафти мусобиқа таҳти назорати Муассисаи давлатии мактабҳо ва иншооти варзишии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷараён гирифт.