Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 Март 2018

ш.Душанбе, 06.03.2018. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили ҷашни "Рӯзи модар" чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони "Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад" доир гардид.

Дар ҷамъомад фаъолзанони пойтахт, собиқадорони меҳнат, пешқадамони истеҳсолот, намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи пойтахт ширкат варзиданд.

Табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати "Рӯзи модар" муовини якуми Раиси шаҳр Маҳмадсаид Зувайдзода ба самъи иштирокчиёни тантанаҳо расонд.

Тавре дар ҳамоиш таъкид гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар доираи имконот дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд ва ибтикороти созандаашонро доим дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани "Рӯзи модар" нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар ва бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия ва ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

Интишори Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадрдонӣ аз масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордонии онҳо мебошад.

Натиҷаи чунин ғамхориву дастгирии давлат ва Ҳукумат аст, ки ҳоло Душанбе бино ба эътирофи коршиносон аз лиҳози шумораи намояндагони бонувону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузорад, чунки ӯ мушкилоти бисёр сахту сангини зиндагиро сарбаландона таҳаммул намуда, наслеро тарбия карда, ба воя расонидааст, ки созандагони асили имрӯзу фардои ин сарзамини муқаддас мебошанд. Ва дар арафаи ҷашни "Рӯзи модар" аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе бо туҳфаҳои молиявӣ қадр гардидани меҳнати хоксоронаи 2920 нафар бонувони Душанбешаҳр шаҳодати барҷастаи ин гуфтаҳост.

Дар доираи чорабинии идона бо иштироки устодони санъат ва ҳаваскорони ҷавон барномаи фарҳангӣ-фароғатии "Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад" пешкаши иштирокчиёни ҷамъомад  гардид.

Дар ҷараёни ҳамоиш ба ифтихори таҷлил аз "Рӯзи модар" ва "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" намоиши маҳсули дастони бонувони ҳунарманди пойтахт баргузор шуд.