Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 Март 2018

ш.Душанбе, 09.03.2018.  Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии бастаи  калонҳаҷми санадҳои дуҷониба, ки аз 27 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, сурат гирифт.

Дар ҷараёни он Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Тошканд оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ ба имзо расид.

Дар ҳузури роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Созишнома Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Тошканд Раҳмонбек  Усмонов имзо гузоштанд.