Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 March 2018

ш. Душанбе, 15.03.2018. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони  Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳо ва муассисаву корхонаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум мутобиқи  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Вакилони халқ дар оғоз котибот ва ҳайати таҳририяи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи кори онро тасдиқ карданд.

Ба рӯзномаи кори иҷлосия 12 масъала, аз ҷумла оид ба ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соҳаи маориф ва беҳтарнамоии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ҳисоботи раисони комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ҳамчунин ахбороти комиссияҳои доимӣ оид ба қонуният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва оид ба назорати риояи Дастур вобаста ба фаъолияти кори комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқ ва пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати такмили кори онҳо, дар бораи таъсиси комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаву кӯчаҳо, майдону хиёбонҳо, боғу пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе ва доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №15, №20 ва №53 ва таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои зикргардида, инчунин таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 15 декабри соли 2016 ва тасдиқи як силсила қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид шуда буданд.

Дар ибтидо муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ "Оид ба ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва беҳтарнамоии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе" гузориш дод. Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи вакилони халқ ва масъулини соҳаҳои марбутаро ба татбиқи пурраи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соҳаи маориф ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва бо сифати  барномаҳои соҳа ҷалб намуданд.

Бо нигаронӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои ба дарс ҳозир нашудани хонандагон, муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни хонандагон ва ҳолатҳои бетарафӣ зоҳир намудани омӯзгорон нисбат ба масъалаи пешгирии фарҳанги бегона аз ҷониби хонандагон ва худи омӯзгорон масъулини Сарраёсати маориф, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигари шаҳрро дар самти тақвияти корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва бартараф кардани нуқсону камбудиҳои мавҷуда муваззаф намуданд.

Сипас ҳисоботи раисони комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ,  меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ, номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаву кӯчаҳо, майдону хиёбонҳо, боғу пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе, ҳамчунин гузориши комиссияҳои доимӣ оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия ва назорати риояи Дастур вобаста ба фаъолияти кори комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати такмили кори онҳо шунида шуданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами шаҳрдориро дар маҷлисҳои комиссияҳо зарур шуморида, аз вакилони халқ талаб намуанд, ки татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи кишварро дар фаъолияти худ таъмин намоянд.

Дар ин робита Раиси шаҳр ба масъулини коммиссияҳои доимӣ дастур доданд, ки баҳри ғанигардонии бозори истеъмолии сокинон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон, таъмини хизматрасонии босифат, ҳифзи муҳити зист ва таъмини иҷрои қонунгузорӣ доир ба замин, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қаламрави пойтахт, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, тарғиби маданияти шаҳрнишинӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масъалаҳои муҳими шаҳр тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Пас аз шунидани ҳисобот ва таклифу пешниҳодҳои вакилон  комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз нав таъсис дода шуданд.

Ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018 ва бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри саҳмгузорӣ дар пойдории дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек  Боғи "50-солагии ҷавонон", воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба боғи " Низомиддин Алишер Навоӣ" номгузорӣ карда шуд. Масъулин ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати дар боғи мазкур гузоштани пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ, ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон вазифадор гардиданд, ки оид ба таҳияи лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе "Дар   бораи эълони озмуни муҷассамаҳои беҳтарин мутафаккирон" чораҷӯӣ намоянд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" номи кӯчаи "Ташкентская"-и ноҳияи Исмоили Сомониро ба номи Тошканд, кӯчаи "Варзобская"-ро ба номи Варзоб,кӯчаи Варзоб ГЭС-и болоро ба номи Шаббода,  кӯчаи "Московская"-и ноҳияи Фирдавсиро ба номи Москва, кӯчаи Туниси ноҳияи Синоро ба номи Хоразмӣ иваз кард.

Бо қарори дахлдор, иҷлосия ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Раҳматуллозода Шаҳноз Ибодулло, Сафялоев Субҳон Ғиёсович ва Давлатов Шоҳрух Рустамовичро аз ҳавзаҳои интихоботии №15, №20 ва №53 пеш аз муҳлат қатъ намуда, интихоботи вакилонро   дар ҳавзаҳои номбурда санаи 6 майи соли 2018 таъин кард ва дар ин робита Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба Интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои мазкур таъсис дода шуд.

Иҷлосия ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 15 декабри соли 2016 тағйирот ворид намуда, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2017- ро тасдиқ кард.

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабул намудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз муовинони Раиси шаҳр, Раисони ноҳияҳо, роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳои пойтахт иҷрои бечунучарои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ва бартараф кардани камбудиву нуқсонҳои мавҷударо талаб намуда, супориш доданд, ки бо инобати он, ки соли равон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст,  ва дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни сатҳҳои байналмилаливу минтақавӣ баргузор мегарданд, баҳри боз ҳам пешрафт, тараққӣ ва ободонии шаҳр ҷиҳати фаро ҳам овардани зиндагии шоиста ба кулли қишрҳои ҷомеа,   татбиқи саривақтӣ ва самараноки қарорҳоро сармашқи кори худ намуда, дар рушду шукуфои пойтахт ва ҳамеша зебову назаррабо нигоҳ доштани симои шаҳри Душанбе саҳми арзандаи худро гузоранд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд.

Бо ҳамин иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум кори худро анҷом дод.