Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 March 2018

Дар бораи ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» номгузорӣ намудани боғи «50-солагии ҷавонон»

Ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018, АП-1016 ва бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри саҳмгузорӣ дар пойдории дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

                                            ҚАРОР МЕКУНАД:                   

 

 

1. Боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» номгузорӣ карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи маблағҳои пешбинишуда масъалаи маблағгузории корҳоро оид ба номгузории боғи мазкур ҳал намояд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва «Паёми Душанбе» инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Раиси Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе гузошта шавад. 

   

         Раиси

    Маҷлиси вакилони                                                                                  

  халқи шаҳри Душанбе                                Рустами   Эмомалӣ