Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 March 2018

Дар бораи номивазкунии кӯчаи Ташкентская-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутобиқи моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

                                                            ҚАРОР  МЕКУНАД:

1. Номи кӯчаи Ташкентская-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба номи Тошканд иваз карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бақайдгирии истиқоматкунандагони кӯчаи мазкурро анҷом дода, дар он нишонаҳои марбутаро насб созад.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, рӯзномаиПаёми Душанбе” қарори мазкурро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Раиси Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқ шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе гузошта шавад.

 

           Раиси

Маҷлиси вакилони

халқи шаҳри Душанбе                                                      Рустами Эмомалӣ