Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 February 2011

7 феврали соли 2011 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масъалаҳои мубрами ҳаёти хоҷагидории пойтахт таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид.

Дар кори ҷаласа дар радифи масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, директорони кулли бозорҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ширкат варзиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷўҳи тамоми фаъолони пойтахт, директорони бозорҳо, бахши соҳибкории ба истеҳсолу воридоти маҳсулоти ниёзи аввалияи бозори истеъмолӣ шуғлдоштаро  ба нархи маҳсулоти ба фурўш гузошташаванда нигаронида, афзуд, ки қобилияти хуби харидории истеъмолкунандагони пойтахт ба ҳеҷ ваҷҳ набояд боиси таври сунъӣ болоравии нарх дар бозорҳо гардад ва бо нигаронию қатъан супориш дод, ки тадбирҳои тавассути аз ҳисоби захираҳои худи бозорҳо бо нархҳои алтернативӣ пешниҳоди маҳсулот баҳри дастгирии истеъмолкунандагон роҳандозӣ карда шавад.

Дар ин зимн тамоми чораҳо андешида шавад, ки фаъолияти монополистии таври стихиявӣ болобарии нарх дар бозори истеъмолӣ аз ҷониби субъектҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ ё соҳибкорон мутобиқ ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешгирӣ ва нисбати хилофкорон чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Ҳамзамон баҳри дастгирии сокинон - истеъмолкунандгони шаҳр афзуд, ки шаҳрдорӣ чун ҳамеша ҷиҳати харидории маҳсулоти ниёзи аввалия аз молистеҳсолкунандагон ва ба ин васила пешниҳоди он бо нархҳои арзону дастрас аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағҳои қарзиро ихтисос медиҳад. 

Дар ҷаласа нисбати фаъолияти директори КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳрӣ Душанбе» А. Ризоев  ва роҳбарони бозорҳои зертобеи он эродҳо гирифта, муваззаф сохт, ки бо ташкили ярмаркаҳои доимӣ дар ҳудуди бозорҳо, ҳамарўза хисоботи мавсуф оид ба воқеияти нарх, мониторинги воридоти маҳсулот баҳри ғановати бозори истеъмолӣ дар шаҳр дар ҷаласаҳои назди муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Н. Хайруллоев шунида шавад.

Муқаррар гардид, ки ҷараёни тавассути пешниҳоди маҳсулот бо нархҳои алтернативӣ ва таъсиррасонӣ оид ба коҳиш додани нарх дар бозори истеъмолии пойтахт ва ҳолати иҷрои супоришоти қаблӣ бобати дар тамоми нуқтаҳои савдою дўконҳои бозорҳои коммуналӣ аз ҳисоби кормандони бозорҳо ба роҳ мондани фурўши маҳсулот зери назорати шахсии Раиси шаҳр қарор дода мешавад.

Инчунин дар ҷаласа бо дахли  масоили татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 692 аз 31 декабри соли 2010 “Дар бораи татбиқи чораҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти  шаҳрвандон, ба низом даровардани низоми шиносномавию будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони хориҷӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе ”, ки амалиёти густурда  аз 15 январ то 15 феврали соли 2011 дар шаҳр ҷараён дорад, аз прокуратураи шаҳр хоҳиш карда шуд, ки то 1 марти соли ҷорӣ дар таносуби ноҳияҳои шаҳр рафти корҳои сохтмонӣ ва мутааллиқии иншооти бунёдшаванда ба шахсони воқеию ҳуқуқиро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш унвонии шаҳрдорӣ ахборот ирсол намояд.