Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 March 2018

Дар бораи омӯзиш ва баррасии ҳуҷҷатҳои додани қитъаи замин барои сохтмон, таҷдиду таъмир ва иҷозати сохтмон ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади таъмини шаффофият зимни додани қитъаҳои замин барои сохтмон, таҷдиду таъмир ва иҷозати сохтмон ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

                               ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.      Ҳайати комиссия оид ба омӯзиш ва баррасии ҳуҷҷатҳои додани қитъаи замин барои сохтмон, таҷдиду таъмир ва иҷозати сохтмон ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

2.      Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе минбаъд лоиҳаи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони биною иншоотро танҳо дар асоси протоколи комиссияи мазкур таҳия ва барои мувофиқасозӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳрӣ пешниҳод намоянд.

3.      Муқаррар карда шавад, ки ҷаласа оид ба мувофиқасозии лоиҳаи қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои марбута дар назди муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе, масъулини масъалаҳои сохтмон, меъморӣ ва замин бо иштироки раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоту сохторҳои марбута ҳафтае як маротиба рӯзи панҷшанбе баргузор гардида, аз натиҷааш ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод карда мешавад.

4.      Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва «Рӯзномаи Паёми Душанбе» қарори мазкурро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

5.      Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

 

  Рустами Эмомалӣ