Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 April 2018

ш.Душанбе, 02.04.2018,  Имрӯз  бахшида ба оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 800 солагии Москваи шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, чор ноҳияи пойтахт - Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, волидайну наздикони даъватшудагон ва фаъолони ноҳияҳои шаҳр маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ доир гардид.

Дар оғози ин чорабинии хотирмон муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва  сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявии  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Меҳваршо Донаёрзода ҷавонони даъватшавандаро ба сафи Артиши миллӣ табрик намуда, ба онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан хизмати содиқона орзу карданд.

Хизмат  дар сафи  Артиши миллӣ нишони мардонагиву ҷасорат буда,  аз ҳар як шаҳрванд зиракиву ҳушёриро талаб мекунад. Ҳифзи марзу бум ва миллат вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи шаҳрвандон  ба  ҳисоб меравад.

 

Чорабинии имрӯза бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 марти соли 2018 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 19 марти соли 2018 гузаронида мешавад.

Роҳнамоӣ ва гусели фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як падару модар буда, хизмат дар сафи Артиши миллӣ обрӯ ва шаъну шарафи ҳар як ҷавони бонангу номус ба шумор меравад.

Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, на танҳо ҳимояи марзу буми Ватани азизи мо - Тоҷикистон, балки баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон ва пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии мамлакат аст.

Зикр шуд, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо  саъю талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мамлакат пуриқтидор гардида, барои хизмат ба ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ тамоми шароити мусоиди ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир   фароҳам оварда шудааст.

Дар ин робита ҷавононро лозим аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ худро канор нагиранд, ба қадри неъматҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он ноил гардидааст, хусусан сулҳу субот, тинҷию оромӣ ва пешрафту гулгулшукуфоии Ватани азизамон бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.