Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 April 2018

Дар бораи баргузор намудани Фестивал-намоишгоҳи шашуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивал-намоишгоҳи шашуми автомобилҳои коллексионӣ дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ва «Кохи Наврӯз» ва бар ин васила дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ва эълон гардидани соли 2018 хамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                       ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Рӯзи 21 апрели соли 2018 аз соати 800 то 1800 дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ва ҶДММ «Кохи Наврӯз» Фестивал-намоишгоҳи шашуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» доир карда шавад.

2. Муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе (Саидзода Қ.Т.) ва шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе баҳри дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивал-намоишгоҳи шашуми автомобилҳои коллексионӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва риояи Маромномаи сокини пойтахт зимни баргузории чорабинии мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

4. Раёсати итилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси қарори мазкур ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад                                                                   

                                                                            Рустами Эмомалӣ