Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 April 2018

Дар бораи баргузор намудани тендер

Бо мақсади таъмини иҷрои банди 1, сархати 9 протоколи ҷаласаи машварати назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 5 феврали соли 2018, №5 ҷиҳати интихоби пудратчии иҷрои корҳои таҷдиди намои берунаи биноҳои истиқоматии бисёрманзила, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 86, 88, 90, 92 ва 96, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12-14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»                                                             

                                     ҚАРОР   МЕКУНАМ:

 1. Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 28 марти соли 2018, №13 ва ҳайати комиссияи тендерӣ оид ба интихоби пудратчии иҷрои корҳои таҷдиди намои берунаи биноҳои истиқоматии бисёрманзила, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 86, 88, 90, 92 ва 96 тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳодшуда дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои интихоби пудратчии иҷрои корҳои таҷдиди намои берунаи биноҳои истиқоматии бисёрманзила, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 86, 88, 90, 92 ва 96 мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда, эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.

3.  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

                                                                                       

                                           Рустами Эмомалӣ