Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 February 2011

Дар  бораи  чораҳои Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оиди ҷорӣ

намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

          Бо мақсади сари вақт бархурдор намудани сокинони шаҳри Душанбе бо маълумоту иттилоот оиди амалигардонии барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, чорабиниҳои оммавию сиёсӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, назарсанҷии афкори омма ва пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба шахсони воқеиву ҳуқуқи вобаста ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ташкили тарзи нави ҳамкорӣ бо шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар асоси истифодаи фаъоли технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №318 аз 1 июли соли 2010 «Дар бораи ҳисоботи Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 №1174 «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилотию коммуникат-сионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 4, 8, 9, 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»,


Қарор мекунам:

1. Муқаррар карда шавад, ки баҳри баланд бардоштани самаранокӣ ва сатҳи пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон минбаъд бархурдор намудани сокинони шаҳри Душанбе бо маълумоту иттилоот оиди амалигардонии барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, чорабиниҳои оммавию сиёсӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, назарсанҷии афкори омма ва пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ташкили тарзи нави ҳамкорӣ бо шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар асоси истифодаи фаъоли технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба рох монда мешавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки ҳанўз аз 19 ноябри соли 2004 Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе www.dushanbe.tj ва аз 13 октябри соли 2005 почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com, аз 27 феврали соли 2010 Сомонаи расмии  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи И. Сомонӣ www.i-somoni.tj  ва почтаи электронии Раиси ноҳияи И. Сомонӣ i-somoni.tj@mail.ru  ва  аз 25 декабри соли 2010 Сомонаи расмии  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ www.n-firdavsi.tj ва почтаи электронии Раиси ноҳияи Фирдавсӣ  n.firdavsi@mail.ru ташкил карда шуда, то ба имрӯз фаъол мебошанд.   

 3. Роҳбарони мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 вазифадор карда шаванд, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ на дертар аз 31 марти соли 2011 дар шабакаи Интернетӣ Сомонаи расмии худро таъсис диҳанд.

 4. Дар робита ба муқаррароти банди 1-и Қарори мазкур Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоту сохторҳои шаҳрӣ ҷиҳати бо сифати баланд таъмин намудани дастрасии шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба ахборот ва хизматрасониҳои давлатӣ оиди натиҷаҳои фаъолият, амалигардонии Барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, Сомонаи худро бо хабар, маълумот ва санадҳои дахлдор таъмин ва бо мақсади фаъолияти мунтазам Сомонаро бо инфраструктураи зарурии муосир муҷаҳҳаз гардонанд.

 5. Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

 6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. ва Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.

                                                                                                                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ

         Замима

             ба Қарори Раиси шањри Душанбе

               № 78 аз 7 феврали соли  2011.