Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 April 2018

Дар бораи баргузор намудани тендер

Бо мақсади интихоби пудратчии асосии корҳои сохтмонии иншооти «Таъмири асосии кӯчаҳои А.Дониш (аз VIP-зали ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» то буриши кӯчаи С.Айнӣ) ва кӯчаи С.Айнӣ (аз буриши кӯчаи А.Дониш то буриши хиёбони Рӯдакӣ)» - лоти 1 ва «Таъмири асосии хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи С.Айнӣ то буриши кӯчаи Карамов)», бо инобати розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, №1/5-236 ва протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 22 феврали соли 2018, №10 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 23 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12-14, 25 ва 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

                                     

                                     ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.Комиссияи тендерӣ тибқи протоколи замимагардидаи ҷаласаи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 22 феврали соли 2018, №10 таъсис дода, дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти тендер ҷиҳати интихоби пудратчии асосии корҳои сохтмонии иншооти «Таъмири асосии кӯчаҳои А.Дониш (аз VIP-зали ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» то буриши кӯчаи С.Айнӣ) ва кӯчаи С.Айнӣ (аз буриши кӯчаи А.Дониш то буриши хиёбони Рӯдакӣ)» - лоти 1 ва «Таъмири асосии хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи С.Айнӣ то буриши кӯчаи Карамов)»-лоти 2 бо иштироки номаҳдуд бо маҳдуд намудани муҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ таъмин намояд.

 

2.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

 

                                                    Рустами Эмомалӣ

 

 

ДАЪВАТ БА ОЗМУН!

 

Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 апрели соли 2018, №247 «Дар бораи баргузор намудани тендер» оид ба интихоби пудратчиёни асосии иншооти:            

- «Таъмири асосии кӯчаҳои А.Дониш (аз VIP-зали ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» то буриши кӯчаи С.Айнӣ) ва кӯчаи С.Айнӣ (аз буриши кӯчаи А.Дониш то буриши хиёбони Рӯдакӣ)» - лоти 1;

- «Таъмири асосии хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи С.Айнӣ то буриши кӯчаи Карамов)»-лоти 2 ҷиҳати иштирок дар тендер довталабонро даъват менамояд.

Барои иштирок дар тендер довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд.

1.       Ҳуҷҷатҳои таъсиси корхона (шаҳодатнома ё оиннома);

2.       Пешниҳоди тендерӣ ва муҳлати иҷрои кор;

3.       Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;

4.       Кафолати бонкӣ барои иҷрои шартҳои дархости тендерӣ дар ҳаҷми на кам аз 1% аз маблағи пешниҳоди тендерӣ;

5.       Маълумотномаи нозироти андоз макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷети тасдиқ мекунад ва на дертар аз 30 рӯз то баохиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

6.       Маълумотнома оид ба мавҷудияти захираҳои моддӣ-техникӣ ва тахассуси кормандон;

7.       Маълумотнома оид ба ҳаҷми умумии қарордодҳои ба ин монанд дар 2-3 соли охир иҷро намуда;

8.       Харҷномаи иншоот тибқи тартиби муайянгардида (бо усули захиравӣ);

9.       Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер.

Довталабон метавонанд, маълумоти иловагиро тавассути Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, пайдо намоянд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳувайдуллоев, 3 ва ё метавонед, бо

рақамҳои: 221-02-32, 221-06-16, 221-03-80 муроҷиат намоед.

Дархостҳо дар лифофаи муҳргузошта то соати 900 рӯзи 9 апрели соли 2018 бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳувайдуллоев, 3 пешниҳод карда шавад.

Озмун рӯзи 9 апрели соли 2018, соати 1000 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳувайдуллоев, 3 баргузор мегардад.

,

Талаботи тахассусӣ

- дорои салоҳияти кофии касбӣ ва техникӣ, таҷриба ва шуҳрати корӣ;

- иҷрои на кам аз се қарордод оид ба корҳои пудратии ба ин монанд дар ду - се соли охир;

- ғайри қобили пардохт ё муфлис ва ё дар ҳолати муфлисшавӣ қарор дошта набошад, амволи он таҳти гарав ва мавриди муҳокимаи судӣ қарор  нагирифта бошад;

- оид ба пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ қарздор набошад;

- аз расмиёти харид барканор нашуда бошад ва ном ва номгуи ӯ ба феҳрести пудратчиёни беэътимод аз ҷониби мақомоти ваколатдор дохил карда нашуда бошад;

- барои имзои қарордоди харид соҳибҳуқуқ бошад.