Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 April 2018

ш.Душанбе, 07.04.2018. Имрӯз беш аз 700 нафар кормандони сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт ба машқи пагоҳирӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Тадбири мазкур тибқи нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ – варзишӣ таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст», ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, сурат гирифт.

Дар асоси нақшаи мазкур  кормандони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо дар рӯзҳои муайянгардида дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки варзиш гарави саломатӣ буда, аз тарафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳим ва тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.

Тасмим гирифта шуд, ки минбаъд низ тамоми кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар рӯзи шанбе дар яке аз маконҳои истироҳатӣ-фароғатии пойтахт ба машқи пагоҳирӯзӣ дастаҷамъона машғул мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур  дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.