Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 Апрель 2018

ш.Душанбе, 10.04.2018. Имрӯз дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтхат бо фаъолон доир гардид.

Мақсад аз баргузории мулоқоти имрӯза таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Раиси шаҳри Душанбе оид ба баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баррасии сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ дар пойтахт ва ҷустуҷӯи роҳҳои пешгирӣ ва профилактикӣ, ҳамчунин таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб меёбад.

Дар чорабинӣ кормандони масъули сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла занон, ҷавонон, ходимони дин, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони бозорҳо ва марказҳои савдо, фаъолон, намояндагони мақомоти марбутаи корҳои дохилӣ, прокуратура, суд, амният ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок доштанд.

Дар назди ҳозирин муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе генерал - майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ва дигарон дар самти татбиқи амалии нишондодҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе оид ба одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни наврасону ҷавонон, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ  ба камол расонидани насли наврас ва тақвияти фаъолияти дастаҷамъонаю аҳлона ҷиҳати таъмини пешрафти босуботи пойтахт суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқот баромадкунандагон оид ба дастоварду комёбиҳои сокинони пойтахт дар самтҳои мухталиф дар солҳои охир сухан карда, бо мақсади пешрафти босуръату босифатонаи пойтахт–шаҳри Душанбе ҳозиринро ба фаъолияти дастаҷамъонаю аҳлона даъват намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот миёни маърӯзачиён ва иштирокдорони ҷамъомад мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.