Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 Апрель 2018

ш.Душанбе, 11.04.2018. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба сохтмони Кохи ақди никоҳ - «Касри Бахт» оғози расмӣ бахшида, дар шаҳраки 43-юми ноҳияи Фирдавсӣ иншооти наву муосири варзишӣ ва фарҳангию фароғатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.                

Нахуст Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар қисмати ҷанубу ғарбии муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» ташриф оварда бо лоиҳаи бунёди «Қасри Бахт» шинос шуданд.

Дар ин ҷо ба Раиси шаҳр лоиҳаи Кохи ақди никоҳ муаррифӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ «ҶиЭм Партнерҳо» таррезӣ гардида, он дар масоҳати 19300 метри мураббаъ бунёд карда мешавад. Фармоишгари лоиҳа Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, «Қасри Бахт» аз бинои замонавӣ бо тарҳу намуди зебо ва муносиб барои хизматрасонӣ, таваққуфгоҳ дар масоҳати бештар аз 9 ҳазор метри мураббаъ, роҳу гузаргоҳ ва майдону гулгаштҳо иборат аст. "Қасри бахт"аз бинои дуошёна иборат буда, дар табақаи якум 8 утоқи корӣ ва дар ошёнаи дуюм бошад, 2 толори барҳаво барои гузаронидани маросими ақди никоҳ ҷойгир шудаанд. Ба иттилои масъулин пас аз ба истифода супоридани иншоти мазкур 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба роҳ мондани коргузорӣ ва хизматрасонии ба талабот ҷавобгӯ ба масъулини дахлдор дастур доданд, ки зимни бунёди иншоот ба масъалаи нигоҳдошт ва бойгонии ҳуҷҷатҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, барои ин мақсад шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Ҳамчунин Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба тарзу усули сохтмони иншооти мазкур ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки он бояд бо инобати ба роҳ мондани хизматрасонии муосиру мусоид ба шаҳрвандон дар муддати 1 сол сохта ба истифода спурда шавад.

Бо гузоштани санги асос Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонии иншооти Кохи ақди никоҳ «Қасри Бахт» оғози расмӣ бахшиданд.

Кохи ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Сипас дар шаҳраки 43 - юми ноҳияи Фирдавсӣ, дар назди биноҳои истиқоматии рақами  9/3 ва 9/4-и кӯчаи Деҳотӣ бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншооти мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Точикистон сохта шуда, он дар масоҳати 1560 метри мураббаъ доман паҳн кардааст.  Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон аз ҷониби Отряди сохтмонии Қушунҳои сарҳадии ниҳоди мазкур анҷом додааст.

Зимни шиносоӣ бо иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ Раиси шаҳр ба корҳои анҷом дода шуда баҳои баланд дода, бунёди чунин як иншооти муосиру замонавиро барои истиқоматкунандагони биноҳои гирду атрофи шаҳрак, махсусан ҷавонону наврасон ва кӯдакон тӯҳфаи арзанда маънидод намуданд.

Иншооти мазкур аз майдончаи универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол дар масоҳати 336 метри мураббаъ, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон ва гӯшаи машқу тамрини бадан, ки бо тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд, ҳамчунин нишастгоҳ ва таваққуфгоҳ дар масоҳати наздики 400 метри мураббаъ иборат аст. Ҳудуд ва атрофи майдончаҳои иншоот дар майдони беш аз 210 метри мураббаъ сабзкорӣ шуда, дар ду ҷониб ва ҳудуди иншоот нишасткурсиҳои сершумор насб гардидаанд. Баҳри таъмини равшании иншоот 16 адад сутунчароғ насб шуда, истифодаи шабонарӯзии онро аз ҷониби сокинон фароҳам меорад. Дар доираи корҳои кабудизоркунӣ 174 ниҳоли ороишии сӯзанбарг шинонида шудааст, ки пас аз нашъунамои хуб метавонад ин мавзеъро боз ҳам зебову назаррабо намояд. Дар баробари майдончаҳои варзишӣ, бозии кӯдакона ва машқу тамрини бадан дар ҳудуди иншоот, инчунин мизу курсӣ барои бозии шоҳмот гузошта шудааст. Дар доираи корҳои сохтмонӣ дар иншооти варзишӣ роҳи назди биноҳои истиқоматӣ таъмир ва мумфарш  гардида, намуди беруна ва даромадгоҳҳои биноҳо рангубор ва таъмир карда шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо майдончаи универсалӣ Раиси шаҳри Душанбе бо наврасону ҷавонони шаҳрак суҳбати озоду самимӣ намуда, ифтитоҳи чунин як иншооти муҷаҳаз ва мусоиру замонавиро ба онҳо муборакбод гуфта,  дар баробари таҳсилу таълим онҳоро ба варзишу пешбурди тарзи ҳаёти солим даъват карданд.

Пас аз шиносоӣ бо гӯшаҳои бозию дилхӯшии кӯдакон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи бехатарии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти бозии кӯдакона дар иншооти оммавӣ ҷалб намуда, иброз доштанд, ки истифодаи воситаҳои дилхӯшии кӯдакона бояд аз ҷиҳати бехатарӣ мувофиқу муносиб бошанд.

Пас аз ифтитоҳи расмии иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба кӯдакони шаҳрак тӯҳфаҳои хотравии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим карда шуд, ки хурсандиву фараҳи кӯдаконро дучанд намуд.