Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 Апрель 2018

Дар бораи таъсиси Шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди    давлатии «Сохтмони манзили дастрас»

 

Бо мақсади ҳимояи манфиат ва ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, сари вақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бунёдшавандаи истиқоматӣ, беҳбуд бахшидан ва таъмини самаранокии фаъолият дар Корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» бо инобати истифодаи усулҳои идоракунии корпоративии корхонаҳои давлатӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»    

ҚАРОР МЕКУНАМ: 

1. Шӯрои нозирони корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» таъсис дода шавад.

2. Низомнома, Раис ва ҳайати Шӯрои нозирони корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» тасдиқ карда шаванд замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

3. Директори корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» дар муддати 10 рӯз аз санаи қабули қарори мазкур корҳои заруриро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи аввалини Шӯрои нозирони корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» ташкил намояд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси ҳамаҷонибаи қарори мазкурро ба роҳ монанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони соҳавӣ гузошта шавад.

     

 Рустами Эмомалӣ