Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 February 2011

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №70 аз 29.01.2011 барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии "Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе" аз 1 то 28 феврали соли 2011

озмун эълон менамояд:

 

Талаботи тахассусӣ

     Маълумоти олии техникӣ;

     Собиқаи корӣ дар соҳаи хоҷагии коммуналии шаҳрӣ ҳамчун роҳбар на кам аз 5 сол: собиқаи корӣ дар идораи партовҳои сахти маишӣ имтиёз дорад; 

     Собиқаи корӣ дар назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ;

     Донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи коммуналӣ ва сохтмон;

     Собиқаи корӣ  дар лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва ташкилоҳои байналхалқии молиявӣ;

     Донистани забони тоҷикӣ ва русӣ ҳатмист. Донистани забони англисӣ бартарӣ дорад;

     Малакаи корӣ бо компютер.

 

Довталабони озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4Х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ;

- нусхаи шиноснома бо қайди шаҳри Душанбе.

 

Санаи охирини пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо - 14 рўз баъди чоп кардани эълон

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи зерин пешниҳод намоянд:

Шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ-48, ошёнаи 3.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе.  

Телефон: 233-35-36