Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 April 2018

Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии  «Директори сол - 2017», «Омӯзгори сол - 2017», «Кӯдакистони сол -2017», «Мудири кӯдакистони сол - 2017», «Мураббии сол - 2017», «Синфи беҳтарини сол - 2017», «Волидайни беҳтарини сол - 2017» ва ҳавасмандгардонии ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе 

 

 

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии  кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Протоколи озмунҳои шаҳрии  «Директори сол-2017», «Омӯзгори сол-2017», «Кӯдакистони сол-2017», «Мудири кӯдакистони сол-2017», «Мураббии сол-2017», «Синфи беҳтарини сол-2017» ва «Волидайни беҳтарини сол-2017», ки ғолибон ва иштирокчиёни озмунро муайян намудааст, тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

2. Ҳисобномаи  ҳавасмандгардонии  молиявии ғолибони   озмунҳои    касбии   соҳаи   маорифи  шаҳри Душанбе    «Директори    сол   -  2017»,    «Омӯзгори    сол  - 

2017», «Кӯдакистони   сол  -  2017»,  «Мудири   кӯдакистони

сол - 2017», «Мураббии сол - 2017», «Синфи беҳтарини сол-2017» ва «Волидайни беҳтарини сол-2017» тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи ҳисобномаи замимаи 2 аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети соҳаи маориф пешниҳодшуда 54364 сомонӣ  ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо ҷудо намояд.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе чораандешӣ намоянд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

   6.  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе, муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

   7.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти  соҳа гузошта шавад.

 

 

       Рустами Эмомалӣ