Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 April 2018

Дар  бораи   баргузор   намудани   чорабинии «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018»

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабинии «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018» ва бо ҳамин роҳ дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба клуби мототсиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» барои баргузор намудани чорабиниии «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018» санаи 27 апрели соли 2018, аз соати 1000 то соати 1200 иҷозат дода шавад.

2. Макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» аз соати 1000 то 1100 муайян карда, ҳаракати қатораи иштирокчиён бо мушоиати автомобилҳои роҳбонии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамов - хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ - кӯчаи Бухоро, гардиш ба кӯчаи Бухоро - Турсунзода, гардиш ба тарафи рост - кӯчаи Шоҳтемур, ҳаракат то роҳи ҳалқавии гардиши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» ва баромад ба кӯчаи Дӯстии халқҳо то Муассисаи давлатии «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории  ҷангал»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шавад.

3. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилии тиббӣ» ва риояи Маромномаи сокини пойтахт зимни баргузории чорабинӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси қарори мазкур ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

 

                                                                                      Рустами Эмомалӣ