«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 April 2018

ш.Душанбе, 30.04.2018. Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақомоти марказӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар самти ободонию бунёдкорӣ, ҷиҳати муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, бунёди боғу гулгашт дар шаҳри Душанбе озмун гузаронида мешавад. Дар ин бора 27 апрел Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Ҳамзамон тибқи Амри мазкур, комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба гузаронидани озмун ҷиҳати муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис ва ҳайати он тасдиқ карда шуд.

Раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси комиссия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, котиби масъули комиссия сармутахассиси раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал ва аъзои комиссия аз ҳисоби муовинони вазирон ва раисони кумитаву идораҳо  интихоб гардиданд.

Раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ вазифадор гардидааст, ки тартиби баргузории озмунро ҷиҳати муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе тасдиқ намояд.

Ҳамзамон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур вазифадор гардидаанд, ки тадбирҳои мушаххас андешанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, бунёди боғу гулгаштҳо, ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки мувофиқан озмун оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла гузаронида, комиссия оид ба баргузории озмуни мазкурро таъсис дода, ҳайати он ва тартиби баргузории озмуни зикршударо тасдиқ намоянд. Комиссия озмунро ҷамъбаст карда, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш манзур менамояд.