Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 February 2011

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 барои ишғоли мансабҳои холӣ аз 31 январ то 20 феврали соли 2011

озмун эълон менамояд

     мудири шўъбаи назорати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе;

     сардори Раёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи талаботи моддаи  18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон №  659 аз 20 майи соли 2009  ва «Дастуруламали талаботҳои тахассусӣ», ки бо Фармони сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 4 аз 8 августи соли 2008 тасдиқ гардидааст, инчунин барои ишғоли вазифаи

     директори Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе"

 ҳуҷҷатҳои зерин:

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4Х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ;

- нусхаи шиноснома бо қайди шаҳри Душанбе

ба шўъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниход менамоянд.

Ба довталабони хатмкардаи донишкада ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 1991 ва дар хориҷи кишвар таҳсилнамуда, ба шахсоне, ки таҷрибаи кории роҳбарикунанда на камтар аз 10 сол доранд, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир, инчунин шахсоне, ки дар соҳаи обу корезӣ фаъолият намудаанд, афзалияти бештар дода мешавад.

Довталаб  бояд истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бошад.

Мўҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 15 феврали соли 2011.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шўъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд. Телефонҳо 221-35-68, 221-62-56, 221-62-84.