Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 May 2018

 Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе   

 

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» 

                                                                                           

                                   Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

 

1.  Мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти  «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 6 май то 27 июни соли 2018 баргузор карда шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои № 1,2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби     маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба суратҳисоби махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе тибқи харҷномаи замимагардида барои гузаронидани мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид  ба футболи  хурд   байни   кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маблағи 50000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ» дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо кумитаи тадорукот, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе барои даъват ва ҷалби дастаҳои футболи кормандони вазорату идораҳо ва раёсату муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амниятӣ шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ”, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқа чораҳои зарурӣ андешанд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи  «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути воситаи ахбори омма таъмин намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 

 

        Рустами  Эмомалӣ