Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 May 2018

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлил намудани ҷашни 73–юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 

Бо мақсади посдорӣ ва арҷ гузоштан ба корнамоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” 

ҚАРОР МЕКУНАМ:


1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлил намудани ҷашни 73–юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Ҷумазода Ф.Т., Саидзода Қ.Т., Раҳимзода Т.К., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Табарзода Ҷ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе татбиқи самараноку саривақтии нақшаи чорабиниҳоро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.

3. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ” ва бехатарии зиддисӯхтор дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо чораҳои дахлдор андешанд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма мунтазам таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.



              Рустами Эмомалӣ