Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 February 2011

9 феврали соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдории Душанбе оид ба баррасии татбиқи Нақшаи генералии шаҳр дар қисмати марказии шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни Шўрои шаҳрсозӣ, роҳбарони Пажўҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, меъморони варзидаи кишвар ва меъморони ҷавон ширкат варзиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти ҷараён доштани тасҳеҳи Нақшаи генералии амалкунандаи шаҳр ва ба баррасии шаҳрвандон гузошта шудани Консепсияи таҳияшуда дар сомонаи шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj  тавҷҷўҳи меъморонро ба он нигаронид, ки дар ин раванд фаъолона ширкат варзида, барои татбиқи потенсиалашон аз имконияти фароҳамовардаи шаҳрдорӣ фаровон истифода бурда, пешниҳодоти касбии меъмориро унвонии шаҳрдорӣ ҷиҳати татбиқи минбаъда ирсол доранд.

Зикр гардид, ки меъморон дар навбати аввал консепсияҳои худро нисбати татбиқи Накшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр: кўчаҳои А.Дониш- С.Айнӣ ва хиёбони Рўдакӣ бо инобати ансамблҳои меъмории таҷассумкунандаи арзишҳои меъмории шарқӣ, ки дар худ тавониста бошад реалияти ҷаҳони муосирро бо баровардагии эҳтиёҷоти зиндагии шарқиёна инъикос созад, таҳия намоянд. Лоиҳаҳои биноҳои баландошёнаи бисёрквартирадори дар заминаи биноҳои истиқоматии ду-се ошёнаи  дар шафати роҳҳои кўчаҳои мутазаккира бунёдшаванда бояд дорои квартираҳои 1,2,3,4 ҳуҷрагӣ бошанд.

Дар ҷаласа хулоса гардид, ки  меъморон имкон доранд дар мўҳлати 10 рўз пешниҳодоташонро ҷиҳати баррасӣ ирсол намоянд ва ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ бо иштироки меъморон 19 феврали соли 2011 доир мегардад.