«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 May 2018

Дар бораи баргузор намудани «Рӯзи дави миллӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 - май»

Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ва банди 15 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 - май», таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби  ҳаёти солим, дар сатҳи баланди касбиву ташкилӣ баргузор намудани «Рӯзи дави миллӣ», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаи 44  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»                   

                             Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

1. Рӯзи 20 майи соли 2018, аз соати 800 то 1100 дар шаҳри Душанбе «Рӯзи дави миллӣ» тибқи замимаи 1 гузаронида шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузор намудани «Рӯзи дави миллӣ» дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Саидзода  Қ.Т., Раҳимзода Т.К., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Табарзода Ҷ.А.,  Ҳакимзода Н. Ҳ., Самӣ Ш. Ҳ., Салимзода Н.Ф. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани “Рӯзи дави миллӣ” тадбирҳо андешанд.

4. Аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки ширкати фаъолонаи иштирокчиёнро дар чорабинии варзишии зикргардида таъмин намоянд.

5. Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо ва омодасозии макони оғозу анҷом, инчунин  ҳаллу фасли масъалаҳои тарғиботии чорабинии зикргардида тадбирҳои мушаххас андешанд.

6. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷи ҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва риояи Маромномаи сокини пойтахт чораҳои зарурӣ андешанд.

7. Сохторҳои алоқаманди дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии мазкур мусоидат намоянд.

8. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи  қарори мазкур ва ҷараёни баргузории чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

9. Назорати иҷрои  қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. ва Саидзода  Қ.Т. гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ