«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 May 2018

ш. Душанбе, 18.05.2018. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хаджиме Китаока вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷопон мавриди музокирот қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Ҷопон ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд. 

Тайи 26 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд.

Ҷониби Ҷопон дар татбиқ ва азнавсозии як қатор лоиҳаҳо дар Душанбе, аз ҷумла таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, роҳҳо, таъмини як силсила муассисаҳои нигоҳдории тандурустӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва дастгоҳҳои барқдиҳандаи офтобӣ, азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии терминали борбарӣ ва хатҳои ҳавоии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе саҳмгузорӣ кардааст.   

Иштирокчиёни мулоқот манфиатдории худро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкориҳо миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷопон, аз ҷумла дар соҳаи татбиқи технологияҳои муосир, тандурустӣ, хоҷагии коммуналӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногун таъкид намуданд.

Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.