Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 May 2018

Дар бораи баргузор намудани марафони велосипедронӣ ба ифтихори «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 - май» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, дар сатҳи баланди касбиву ташкилӣ баргузор намудани марафони велосипедронӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

                               Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:           

1. Рӯзи 20 майи соли 2018, аз соати 700 то 1100 дар шаҳри Душанбе марафони велосипедронӣ тибқи замимаи 1 гузаронида шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузор намудани марафони велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3. Сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани марафони велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки ширкати фаъолонаи иштирокчиёнро дар марафони велосипедронӣ таъмин намоянд.

5. Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо ва омодасозии макони оғозу анҷом, инчунин ҳаллу фасли масъалаҳои тарғиботии марафони велосипедронӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

6. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии ёрии таъҷилӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ҳангоми баргузории марафони велосипедронӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

7. Сохторҳои алоқаманди дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии мазкур мусоидат намоянд.

8. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва ҷараёни баргузории чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. ва Саидзода Қ.Т. гузошта шавад.

 

 

Рустами Эмомалӣ