Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 May 2018

Дар бораи ба эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифтани қитъаҳои замини соҳибмулкон ва пардохти ҷуброни зарари амволи иншооти бартарафшаванда, воқеъ дар кӯчаи Мастонгулов

Бо мақсади барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифтани қитъаҳои замин ҷиҳати татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе вобаста ба сохтмони бинои таълимӣ барои 1280 ҷой дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Шоҳмансур, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 66 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 37, 38, 381, 39, 40 ва 41 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

                    ҚАРОР МЕКУНАМ:              

1.   Ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини заминистифода-барандагони гирду атрофи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31, воқеъ дар кӯчаи Мастонгулов (тибқи нақшаи замимагардида) бинобар зарурати эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ қатъ гардонида шуда, қитъаи замин дар масоҳати 2373 метри мураббаъ ба фонди заминҳои захиравии шаҳри Душанбе дохил карда шавад.

2. Фармоишгар -  Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур:

- сметаи хароҷотии бартарафсозии иншоотҳои дар банди 1 қарори мазкур зикргардидаро бо КВД Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» таҳия ва ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намуда, ҷиҳати бартарафсозии иншоотҳои дар ҳудуди қитъаи замин 2373 метри мураббаъ мавҷудбуда чораҳои зарурӣ андешад;

 - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур  дар якҷоягӣ бо Раёсати назорати давлатии меъморӣ – сохтмонӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соҳибмулкони иншоотҳои бартарафшавандаи дар банди 1 қарори мазкур дарҷгардидаро бо таври хаттӣ огоҳ намоянд;

- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда, руйхати соҳибмулкони иншоотҳои бартарафшавандаро тартиб дода, барои корбарӣ ба шуъбаи ҳуқуқи  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд;

- шуъбаи  ҳуқуқи  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар асоси ҳисобномаи аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба нархгузорӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида, лоиҳаи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанберо вобаста ба пардохти ҷуброни зарари соҳибмулкони иншоотҳои бартарафшаванда омода намуда, барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

3.  Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Душанбе ба маълумотҳои бақайдгирӣ ва омори давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. 

                                                     

                                                                                Рустами   Эмомалӣ