Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 May 2018

Дар бораи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор -2018»

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                 

                                  ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2018 дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2018» гузаронида шавад.

2. Ситоди шаҳрӣ оид ба роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои ташкил ва гузаронидани  амалиёти «Кӯкнор-2018 тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.

3. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи дуюми Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ситоди шаҳрӣ нақшаи кори Ситодро бо мақсади ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ   ва  сохторҳои низомӣ таҳия ва гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро ҷиҳати муоинаи заминҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис намоянд.

4. Ситоди шаҳрӣ дар ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор-2018» на камтар аз як маротиба дар як моҳ ҷаласа гузаронида, ҳамзамон дар ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани амалиёт, ба масъалаҳои ошкору пешгирӣ ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадор, шахсони ба хариду фурӯши ғайри-қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ташкил ва нигоҳ доштани ҷойҳои истеъмол ва фурӯши онҳо, воридоти онҳо ба шаҳр (баровардан аз шаҳр) машғуланд, диққати махсус диҳад.

         5. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ситодҳои марбутаи ноҳиявиро таъсис ва оид ба ташкил ва гузаронидани амалиёти мазкур дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилии ноҳияҳо, бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ чораҳо андешанд.

         6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», рӯзномаи «Паёми Душанбе», инъикоси ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор - 2018» ва натиҷаи чорабиниҳои марбут ба онро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин созанд.

         7. Ситоди шаҳрӣ аз натиҷаи фаъолият дар давраҳои якум ва дуюми амалиёт то 10 сентябр ва 10 декабри соли 2018 тибқи замимаи 2 ба Раиси шаҳри Душанбе ва ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намояд. 

         8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми  Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

                                                                                                                                                         Рустами  Эмомалӣ