Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 May 2018

Дар бораи додани иҷозат ба Ҷамъияти саҳҳоми пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» ҷиҳати ба роҳ мондани фурӯши маҳсулотҳои ширӣ тариқи мағозаҳои сайёр ва автомашинаҳои махсусгардонидашуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе

 

Муроҷиати Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» аз 5 феврали соли 2018, №44-270-ро бо мақсади ба роҳ мондани фурӯши маҳсулотҳои ширӣ тариқи мағозаҳои сайёр ва автомашинаҳои махсусгардонидашуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе баррасӣ намуда, бо инобати хулосаҳои Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе,   мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ”                  

                                          ҚАРОР МЕКУНАМ:

 1. Ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Комбинати шири  Душанбе»  ҷиҳати ба роҳ мондани фурӯши маҳсулотҳои ширӣ тариқи мағозаҳои сайёр ва автомашинаҳои махсусгардонидашуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дарназардошти риояи талаботу қоидаҳои санитарию бойторӣ тибқи замима то 1 июни соли 2019  иҷозат дода шавад.

2. Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Комбинати шири   Душанбе» номгӯи маҳсулотҳои ширии пешниҳодшавандаро бо Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе мувофиқа намояд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”, рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси ҳамаҷонибаи муҳтавои қарори мазкурро таввасути васоити ахбори омма ба роҳ монанд.

4.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа  гузошта шавад.

 

                                                                                 Рустами Эмомалӣ