Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 February 2011

12 феврали соли 2011 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили ғановати бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани болоравии нархи маҳсулоти ниёзи  аввалия баҳри дастрасии истеъмолкунандагон ба он, доир гардид.

Дар ҷаласа бо таҳлили мониторинги мавҷуда дар хизматрасонии соҳа муқаррар карда шуд, ки ҷиҳати мустақилият ва дар ин зимн баланд бардоштани масъулияти директорони бозорҳое, ки ба моликияти коммуналии шаҳр мансуб мебошанд оид ба ташкили фаъолияти бо низом, захираҳои саривақтию пешниҳоди маҳсулот дар ҳама фасли сол бо нархҳои воқеӣ ба истеъмолкунандагони шаҳр, дар ояндаи наздик бо таҷдиди сохтори КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» Корхонаҳои воҳиди давлатии «Шоҳмансур», «Баракат» ва «Деҳқон» таъсис дода, барои захираи маҳсулоти қонеъкунандаи талаботи бозорҳо мутаносибан  захирагоҳҳои собиқ бозори «Баракат» ба бозори «Саховат», КВД «Фароғат» ба бозори «Деҳқон» ва Лучоб ба бозори «Шоҳмансур» вобаста карда шавад.

Дар робита ба ин ба зимаи А. Ризоев директори кулли КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ҳамзамон  роҳбарии Корхонаи фаръии «Бозори Шоҳмансур» вогузор ва муваззаф карда шуд, ки ҷиҳати таъсиси хоҷагиҳои ёрирасони захираи маҳсулот тадбирҳои амалӣ андешад.          

Барои харидории маҳсулоти ниёзи аввалия аз ҷониби  корхонаҳои зертобеи КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» дастур дода шуд, ки дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷети шаҳр тибқи талаботи бозори истеъмолӣ қарзи бефоиз дар тӯли соли буҷети ҷудо карда шавад.

 Ҳамзамон баҳри дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва дигар категорияҳои эҳтиёҷманди шаҳр муқаррар карда шуд, ки лоиҳаи қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба расонидани кӯмаки молиявии яквақтина омода ва ҳолати иҷроиши қарорҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати аз ҷониби субъектҳои сарпараст бо маводи ғизоӣ таъмин намудани мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакон ва пиронсолони шаҳр зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.