Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 Май 2018

Дар бораи муваққатан иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаидавлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе таъин намудани Давлатов Ҷ.Б.

       

Мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   

      Қ А Р О Р    М Е К У Н А М:

 

        1. Давлатов Ҷумахон Бегович муваққатан иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

2. Барои қабулу супоридани амволи муассиса комиссия дар ҳайати муовини Раиси шаҳри Душанбе  Назирмадзода Б.  (раиси комиссия), сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе Убайдзода М., сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Одинаев Ҷ.Т., муваққатан иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе Давлатов Ҷ.Б. ва собиқ директори муассисаи мазкур Саидзода Ф.Ҳ. таъсис дода шавад.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Ф.Ҳ. гузошта шавад.                                                                                                    

Асос: Аризаи Давлатов Ҷ.Б.

                                                                                     Рустами  Эмомалӣ