Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 Июнь 2018

ш.Душанбе. 03.06.2018. Санаи 2 июни соли 2018, соати 20:30 дақиқа дар  ҳудуди ҶДММ "Султони Кабир", воқеъ дар кӯчаи Абай 1,  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.

Сӯхтор дар табақаи якуми бинои 6 - ошёнаи Маркази савдо ба вуқӯъ пайваста, масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд.

Бар асари ҳодисаи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Барои хомӯш кардани сӯхтор қувваҳои Гарнизони хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбута сафарбар гардиданд.

Оташ дар соати 00:15 бо пуррагӣ хомӯш гардида, пеши роҳи паҳншавии аланга ба дигар қисматҳои бино гирифта шуд.

Дар маҳалли ҳодиса ҷиҳати андешидани чораҳои бетаъхир ва бартараф намудани алангаи оташ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, прокуратураи шаҳри Душанбе, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар сохторҳои марбута ҳозир буданд.

Субҳи 3 июни соли 2018 роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ниҳодҳои марбутаи  пойтахт бо роҳбарияти Маркази савдои "Султони Кабир" ва соҳибкорони бозори мазкур, ки бар асари ҳодисаи фавқулода зарар дидаанд, мулоқот намуданд.

Барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор ва зарари он аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдор гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ ташкил карда шуд.

Гурӯҳи мазкур вазифадор гардид, ки сабабҳои сар задани сӯхтор ва зарари ба амаломадаро пурра муайян намояд.

Ба роҳбарияти ҶДММ "Султони Кабир" дастур дода шуд, ки дар асоси натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи фаврии тафтишотӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ба соҳибкорони зарардида ҷиҳати ҷуброни хисороти расида тамоми чораҳои бетаъхирро роҳандозӣ намояд.