Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 Июнь 2018

ш. Душанбе, 25.06.2018: Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – ташаббускори ризоияти миллӣ ва эъмори сулҳи тоҷикон” баргузор гардид.

Дар кори Конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Кори Конференсияро нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки “Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату поӣдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем”

Дар рафти Коференсия иштирокчиёни он дар мавзӯҳои мухталиф, аз ҷумла, “Эмомалӣ Раҳмон – эҳёбахши руҳи зиндагӣ дар сарнавишти зани тоҷик”, “Нақши усули ахлоқӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ”, “Пешвои миллат – ташаббускори ризоияти миллӣ ва кафили сулҳи тоҷикон”, “Нақши  Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулху ризояти миллӣ ва амнияти Тоҷикистони соҳибистиқлол” ва ба ин монанд маърӯзаҳо намуданд.

Аз ҷониби маърӯзачиён зикр гардид, ки ба туфайли ваҳдати миллӣ халқи тоҷик пояҳои фарҳанги миллиро устувор намуда, беҳтарин арзишҳои фарҳангии худро аз нав барқарор кардааст.

Бо шарофати пойдории сулҳу ваҳдат миллати фарҳангсолори тоҷик дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. 

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳадаф аз баргузор намудани Конференсияи илмӣ-назариявиро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром  ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва аз ҷониби онҳо дуруст аз худ намудани таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хеш, эҳтироми фарҳанг ва муқаддасоти давлатӣ маънидод намуданд. 

Дар ҳақиқат доир намудани амсоли ин гуна чорабиниҳо дар замири насли наврас ҳисси миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, ифтихор аз созандагӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлативу муқаддасоти миллиро афзун намуда, барои пойдориву густариши ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми Конференсия миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.