Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 Июнь 2018

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  шаҳри Душанбе мерасонад, ки бинобар гузаронидани корҳои таъмиру азнавсозии роҳи хиёбони Рӯдакӣ, ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рудакӣ аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Саид Носир (назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) аз соати 21:00 санаи 27 июни соли 2018   қатъ карда мешавад.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои автобусии №-№1, 3А ва №18 тариқи кӯчаҳои ҳамшафат (хиёбони Рудакӣ бо баромад бо кӯчаҳои Л.Шералӣ,М.Турсунзода,Карамов ва У.Хайём бо хиёбони Рӯдакӣ боқимонда бетағйир) ба роҳ монда шуда, фаъолияти троллейбуси хатсайри №1 муваққатан қатъ мегардад.