Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 Июнь 2018

ш. Душанбе.  27.06.2018.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ як қатор чорабиниҳои идона ва сайру гашти оммавии сокинон баргузор гардиданд.

Рӯзи Ваҳдати миллиро сокинони чаҳор ноҳияи пойтахт бо баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ таҷлил карданд.
Ба муносибати ин санаи таърихӣ тадбирҳои идона аз ҷумла, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва сайру гашти оммавии мардум аз соати 8.00-и субҳ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони 800 солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансур, Майдони фарҳангию фароғатии, воқеъ дар хиёбони Синои ноҳияи Сино ва майдони назди Сирки давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ оғоз гардида, то дер идома ёфтанд.
Рӯзи Ваҳдати миллиро сокинони шаҳр ҳамчун яке аз арзишҳои муҳимтарини давлату далатдории навини тоҷикон ва ҳамчун яке аз дастовардҳои пурарзиши миллати тоҷик бо арҷгузорӣ ба талошҳо ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гигифтанд.
Ба муносибати 21 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ шоми 27 июн дар майдони назди шаршараи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони "Маншаи ҳастии миллат Ваҳдат аст" баргузор гардид.
Дар ҷамъомад намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд. 
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ифтихори 21 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба самъи ҳозирин ва дар симои онҳо ба тамоми мардуми сарбаланди пойтахт расонданд. 
Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати сулҳпарвари тоҷик падидаи нодиру пурарзиши таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар ва самараи ҷаҳду талош ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми соҳибтамаддун ва соҳибмаърифати тоҷик буда, ҳар сол дар фазои орому осуда, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва вусъати бесобиқаи амалҳои бунёдкорона таҷлил мегардад.
Таъкид гардид, ки баҳри арҷгузорӣ аз заҳматҳои кашидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар роҳи ба ҳам овардани миллати парокандашуда ва барқарор намудани фазои орому амн дар кишвар ҳифзу нигоҳдошти Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ дар мамлакат вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди тоҷик ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд.
Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи бисту як соли баъди имзои Созишномаи сулҳ таҳти  роҳбарии собитқадамонаи Пешвои миллат паймудааст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шавад.
Чорабинии идонаи фарҳангию фароғатӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо баргузории барномаи рангини ҳунарии устодони санъат ва эҷодкорони ҷавон  иборат аз суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин идома ёфт, ки таҷлили санаи тақдирсозро барои сокинону меҳмонони пойтахт боз ҳам гуворотару хотирмон гардонид.