Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 Июнь 2018

ш. Душанбе. 29.06.2018. Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ва татбиқи амалии Лоиҳаи "Беҳтаргардонии обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар шаҳри Душанбе" миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Осиёии Рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Санади мазкур ҳамкориҳои тарафайнро дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар шаҳри Душанбе» фаро гирифта, дар асоси он барои азнавсозӣ ва таъмири низоми обтаъминкунии пойтахт аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дарёфти маблағҳои грантӣ пешбинӣ гардидааст.

Ба санад муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва Роҳбари гурӯҳи татбиқи Лоиҳа, сармутахассиси Бонки Осиёии Рушд оид ба инфрасохтори шаҳрдорӣ Рамола Сингру имзо гузоштанд.