Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 Июнь 2018

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  шаҳри Душанбе мерасонад, ки бо мақсади кам кардани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи А. Қаҳҳоров ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ, шурӯъ аз 2 июли соли 2018 миқдори автобусҳои нави замонавии тамғаи “AKIA” дар хатсайри рақами №43 зиёд карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти микроавтобусии №11, тариқи хиёбону кӯчаҳои А.Ҷомӣ, Соҳилӣ, академик Раҷабовҳо ва самти бозгашт кӯчаҳои С. Шерозӣ, Соҳилӣ, А.Ҷомӣ ба роҳ монда мешавад.