Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 February 2011

           Ба таваҷҷўҳи субъектҳои соҳибкории пойтахт расонида  мешавад,  ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №224 аз  6 апрели соли 2010  «Дар бораи гузаронидани озмуни соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе», ки дар асоси он доир намудани озмуни мазкур дар ҳудуди пойтахт ҳамасола таври доимӣ сурат мегирад, соли ҷорӣ низ  озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» аз рўи 18 номинатсия миёни соҳибкорони хурду миёна ва соҳибкорони калон дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад. Озмун дар ду давр - даври аввал то 1 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои пойтахт ва даври  дуюм байни ѓолибони даври якум то 1 апрели соли 2011 сурат мегирад.

Ғолибон бо нишони фахрии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва «Пешсафи соҳибкорони шаҳри Душанбе» бо нишони рамзӣ, кубок ва «Ифтихорнома»-и шаҳри Душанбе сарфароз мегардад.

Натиҷаи озмун чун анъана дар расми таҷлили Рўзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел доир мегардад ҷамъбаст карда шуда, ѓолибон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе қадргардонӣ мешаванд.

   Аз соҳибкорон хоҳиш карда мешавад, ки маводҳои заруриро аз комиссияҳои тадорукотии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои пойтахт дастрас намуда, дар озмун фаъолона иштирок намоянд.

          

         Комиссияи шаҳрии тадорукот оид ба баргузории озмун.