Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 Июль 2018

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                             ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 11 июли соли 2018, соати 900 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 даъват карда шавад.

2. Ба рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба  интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№ 15, 20 ва 53.

2.2. Дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҳолати рушди соҳаи саноат, фаъолияти соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини рушди устувори иқтисодии шаҳри Душанбе.

2.3. Дар бораи рафти татбиқи барномаву нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи фарҳанг.

2.4. Дар бораи ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Т.К. оид ба раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати ташкили корҳои ободонию зебоигардонӣ, шинонидани дарахт, гиёҳҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе.

2.5. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.

4. Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати  панҷум  хоҳиш  карда  шавад,  ки  тибқи  замимаи  2 то 10 июли соли 2018 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.

                                                                      Рустами   Эмомалӣ