Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 Июль 2018

ш. Душанбе, 11.07.2018. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳо ва муассисаву корхонаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Вакилони халқ дар оғоз котибот ва ҳайати таҳририяи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи кори онро тасдиқ карданд.

Ба рӯзномаи кори иҷлосия 5 масъала, аз ҷумла дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҳолати рушди соҳаи саноат, фаъолияти соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини рушди устувори иқтисодии шаҳри Душанбе, татбиқи барномаву нақшаи чорабиниҳо дар соҳаи фарҳанг, раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳо бобати ташкили корҳои ободонию зебоигардонӣ, шинонидани дарахт, гиёҳҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид шуда буданд.

Дар ибтидо гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов шунида шуда, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Азизиён Сами Соли, Миҷгона Рустамова ва Нурҷаҳон Исмоилов аз ҳавзаҳои интихоботии №15, №20 ва №53 тасдиқ карда шуданд.

Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум кори худро бо шунидани ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Фаррух Ҷумазода дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҳолати рушди соҳаи саноат, фаъолияти соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини рушди устувори иқтисодии шаҳри Душанбе идома дод. 

Зимни муҳокимаву баррасии масоили вобаста ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, сатҳи истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғайри мақсаднок истифода намудани корхонаҳои саноатие, ки солҳои қаблӣ хусусӣ гардонида шудаанд,  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовинон ва масъулини корхонаҳои саноатии пойтахт дастур доданд, ки доир ба истифодаи иқтидори пурраи корхонаҳо, ворид намудани технологияҳои наву муосири соҳаи саноат ва бо ин васила афзоиши истеҳсолот, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. 

Инчунин, муовинони раиси шаҳр, раисони чаҳор ноҳияи пойтахт ва дигар масъулин муваззаф гардиданд, ки дар сурати пешниҳод нагардидани нақшаҳои мукаммали ба кор даровардани иқтидори корҳонаҳои саноатӣ аз ҷониби соҳибмулкон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд. 

Раиси шаҳр диққати ҳозиринро ба фаъолияти корхонаҳои дӯхти либосҳои ягонаи мактабӣ ва либосҳои махсус барои корхонаҳои соҳавӣ ҷалб намуда, дастур доданд, ки сатҳи истеҳсолот дар корхонаҳои саноатии пойтахт афзун карда шавад. Дастуру супоришҳо ҳамчунин ҷиҳати беҳтар намудани шароит барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони дохилӣ бобати ташкили корхонаҳои хурду миёна, назорат дар соҳаи барқ, пешгирии талафоти барқ ва пайваст намудани биноҳою иншооти шаҳр ба шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе дода шуданд. 

Сипас ахбороти муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар бораи рафти татбиқи барномаву нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи фарҳанг шунида шуд. 

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи фарҳангро аз соҳаҳои муҳимми пойтахт маънидод намуда, иҷрои саривақтӣ ва босифати барнома ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар соҳаи фарҳанг, таҳияи лоиҳаи барномаи рушди соҳа барои солҳои 2018-2020, тарбияи фарҳангии наврасону ҷавонон, тақвияти фаъолият ва самаранокии муассисаҳои фарҳангӣ китобхонаҳои шаҳр, беҳтар намудани фаъолияти театр ва таҳияи барномаву намоишномаҳои тарбиявию ахлоқӣ тавассути телевизион аз тадбирҳои зурурӣ дар ин самт маънидод карданд. 

Дар идомаи кори иҷлосия муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода оид ба раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати ташкили корҳои ободонию зебоигардонӣ, шинонидани дарахт, гиёҳҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳисобот дод.

Бо нигаронӣ аз талафоти ниҳолу дарахтони воридотӣ дар боғу гулгаштҳои пойтахт, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи вакилони халқ ва масъулини чаҳор ноҳияи пойтахт, инчунин ниҳоду сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба масъалаи ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ба роҳ мондани нигоҳубини дурусти ниҳолу дарахтон, сари вақт анҷом додани нақшаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ҷалб намуда, ҷиҳати анҷоми корҳои ободонию кабудизоркунӣ, таҳияи тарҳу композитсияҳои мутобиқи гулу буттаҳои ороишӣ дар боғу гулгаштҳо, назорати талаботу меъёрҳои бехатарӣ дар боғҳо ва ҷойҳои оммавӣ, истифодаи дастгоҳу лавозимоти замонавӣ барои дилхушии кӯдакон ва аз истифода гирифтани атраксионҳои фарсуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бо дарназардошти баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсии байналмилалӣ дар нимаи дуюми сол дар пойтахти мамлакат ва бо мақсади бартараф кардани нуқсону камбудиҳои мавҷуда Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт, масъулини сохторҳои зертобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва вакилони халқ дастур доданд, ки ҷиҳати иҷрои бечунучарои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати рушду тараққиёти бештари шаҳр, афзун намудани корҳои ободонию созандагӣ, таъмини некуаҳволии сокинон ва фароҳам овардани шароити шоистаи зисту зиндагонӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа татбиқи саривақтӣ ва самараноки қарорҳоро сармашқи кори худ намуда, дар рушду шукуфои пойтахт ва ҳамеша зебову назаррабо нигоҳ доштани симои шаҳри Душанбе саҳми арзандаи худро гузоранд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд.

Бо ҳамин иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум кори худро анҷом дод.