Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 July 2018

Дар бораи баргузор намудани Фестивали тобистонаи Душанбе

 

Бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии кишвар ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

                                             

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Фестивали тобистонаи Душанбе рӯзҳои 18 – 19 августи соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва баргузории Фестивали тобистонаи Душанбе тибқи замима тасдиқ карда шавад.

3. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Саидзода Ф.Ҳ., Ҷумазода Ф.Т., Раҳимзода Т.К., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н., раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Ш.Ҳ., роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкурро таъмин намоянд.

4. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ, тандурустӣ, назорати давлатии бойторӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ”, бехатарии зиддисӯхтор, сифати маҳсулоти воридшуда ва риояи талаботи санитарию гигиенӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории чорабинии мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ