Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 July 2018

Аз  12 то 14 - уми июли соли 2018 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Рӯзҳои шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Ҳайати шаҳри Душанбе давоми ду рӯз дар бародаршаҳри Санкт-Петербург як қатор вохӯриву мулоқотҳо анҷом дода, бо фаъолияти марказҳои тиббӣ, фарҳангӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои коммуналӣ ва хизматрасонии шаҳр шинос шуданд.

Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар Санкт-Петербург бо мулоқоти ҳайатҳои расмии ҷонибайн дар кохи таърихии Смолний, ки маъмурияти Санкт-Петербург дар ин бино мустақар аст, оғоз гардид.

Ҳайати расмии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзодаро ноиби Губернатори шаҳри Санкт Петербург Сергей Мовчан ба ҳузур пазируфт. 

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстонаи бародаршаҳрӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни Душанбе ва Санкт- Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки ташрифи ҳайати расмии шаҳри Душанбе иборат аз масъулини сохторҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, тандурустӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, барқ, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират, тандурустӣ  ва фарҳанг дар рушду пешрафт ва тавсеаи муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои судманди ду бародаршаҳр такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Нимаи дуюми рӯзи 12 уми июли соли 2018 дар Маркази рушд ва дастгирии соҳибкорӣ маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар шаҳри Санкт- Петербург баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маъмурияти Санкт-Петербург иштирок доштанд.

Пас аз қисмати ифтитоҳии чорабинӣ сардори Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Руслан Қодирзод ҳолати иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанберо тавассути рӯйнамоӣ ба ҷониби Санкт-Петербург муаррифӣ кард.

Бо шиносоӣ ба имконоту шароити ҳамкориҳо бо шаҳри Душанбе ҳайатҳои ҳар ду ҷониб доир ба тақвияти равобит дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат,меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муҳоҷират, тандурустӣ, хӯроки иҷтимоӣ, нақлиёту коммуникатсия, хизматрасониҳои коммуналӣ ва сохтмону меъморӣ мубодилаи афкор карданд.

 Дар ҷараёни вохӯриву музокирот масъалаи фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ барои муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург аз масоили умдаи гуфтушунидҳо буд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки байни ҷонибҳо санаду созишномаҳои дуҷонибае  амал мекунанд, ки дар заминаи онҳо шаҳрвандони  кории тоҷик дар Санкт- Петербург фаъолияташонро бидуни ягон мушкилот ба роҳ мондаанд  ва маъмурияти шаҳр баҳри амалисозии санадҳои мазкур тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд.

Инчунин таъкид гардид, ки барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳравндони Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмурияти шаҳри Санкт- Петербург ҳамкориҳои самаранокро бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Санкт- Петербург ба роҳ мондааст.

Дар ҳошияи чорабинӣ мулоқоти соҳибкорони шаҳри Душанбе ва шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, ки он ба таври созанда ва судманд сипарӣ гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш ва омӯзиши таҷрибаи якдигар мубодилаи афкор карданд. Ҷиҳати ба роҳ мондани тиҷорати дуҷониба ва мубодилаи молу маҳсулот соҳибкорони ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро изҳор доштанд.

 Рӯзи 13 июли соли 2018  ҳайати расмии шаҳри Душанбе ба Маҷмааи таърихӣ-ёдгории Қабристони Пискарёв ташриф оварда, бо арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷаста ва ҷоннисориҳои муҳофизони шаҳри Ленинград дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 гулчанбар гузоштанд.

Дар маросими гулгузорӣ, ҳайати расмии шаҳри Душанберо ноиби Губернатори шаҳри Санкт-Петербург Сергей Мовчан ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни ташриф ба ин оромгоҳ ҳайати расмии шаҳри Душанбе дар назди лавҳаи ёдгорӣ сарбозони Тоҷикистон, ки баҳри ҳимояи Ленинград ҷони худро аз даст додаанд, гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро бо некӣ пос доштанд.

Дар ин маҷмааи бузурги таърихӣ, ки аз марказҳои маъруфи шаҳр маҳсуб меёбад, ҳазорҳо нафар афсарону сарбозон, сокинони касбу кори гуногун ва кӯдакону наврасоне, ки давоми 900 рӯзи муҳосираи шаҳри Ленинград ба ҳалокат расидаанд, ба хок супурда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки баҳри аз муҳосира озод намудани шаҳри Ленинград, ки аз 8 сетябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 идома ёфтааст, дар сафи Артиши Шӯравӣ ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, дар ҳамин мазор ба хок супурда шудаанд.

Дар ҷараёни боздид ҳайати шаҳри Душанбе, ҳамчунин аз осорхонаи оромгоҳи Пискарёв дидан намуда, дар китоби меҳмонони ифтихорӣ соядаст гузоштанд.

Дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Д. Назризода бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими вилояти Ленинград мулоқот доир гардид.

Зимни мулоқоти ошкору самимӣ бо ҳамватанони бурунмарзии мо ҷанбаҳои гуногуни фаъолияту зиндагии тоҷикони муқими шаҳри Санкт-  Петербург ва муҳоҷирони кории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳсилу таълими донишҷӯёни тоҷик мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Иштирокчиёни вохӯрӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки тамоми талошу кӯшиши худро барои муаррифӣ намудани тоҷикон, ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва созанда равона хоҳанд кард.

Дар мулоқот барои боз ҳам беҳтару хубтар гардидани шароити будубош ва кору фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дархосту пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

Дар доираи Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар Санкт-Петербург ҳайати расмии шаҳри Душанбе аз осорхонаи маъруфи Эрмитаж дидан намуд. Осорхонаи Эрмитаж, ки дар он ҳазорҳо расму мусаввараҳои рассомон ва наққошони ҷаҳонӣ ва осори таърихии гаронбаҳо ба намоиш гузошта шудааст, яке аз ҷойҳои диданитарини шаҳр барои сайёҳони хориҷӣ ва дӯстодорони санъату ҳунари воло ба шумор меравад.

Дар доираи Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар Санкт-Петербург гурӯҳҳои соҳавии ҳар ду ҷониб бо ҳам мулоқот карданд. Аз ҷумла, масъулини сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе доир ба соҳаҳои тандурустӣ, обу корезӣ, сохтмони иншооти истиқоматӣ ва  маъмурӣ, роҳу пулҳо ва нақлиёт бо ҳамтоёни худ аз шаҳри Санкт-Петербург мубодилаи таҷриба карданд.  

Маросими пӯшидашавии Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар шаҳри Санкт- Петербург дар толори театри “Санкт-Петербург Опера” баргузор гардид.

Дар ҷамъомаде, ки ба ин муносибат ташкил гардид, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург, дӯстдорони савту навои рӯҳбахши тоҷикӣ, сокинони касбу кори гуногун ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург иштирок доштанд.

Ба ифтихори баргузории Рӯзҳои Душанбе дар Санкт-Петербург бо ширкати аҳли ҳунари тоҷик барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд. Суруду таронаҳо ва рақсу навоҳои дилнишин, ки аз ҷониби устодони санъат, эҷодкорони ҷавон ва намояндагони аҳли ҳунари Душанбе дар толори театри машҳури "Санкт-Петербург Опера" иҷро карда шуданд, аз ҷониби ҳозирин бо чапакзаниҳои бардавом истиқбол гардиданд.

Ба ҳозирин ҳунари волою санъати баланди иҷрокунандагӣ ва овозхонии ҳунармандони шоиста ва ҷавони тоҷик Шарофат Усмонова  ва Амирҷон Рӯзиев дар пешниҳоди ария ва романсҳо аз эҷодиёти бастакорони маъруфи ҷаҳон, рақсҳои ҷаззоби ҳунарпешагони балет Муҳаммад Азимзода ва Фарангис Қосимова зимни иҷрои порчаҳо аз балети “Зол ва Рудоба”-и Шӯҳрат Ашӯров, ҳунари волои навозандаи ҷавон Рафоат Шоазимова, ки дар фазои толори театр танинандоз гардид, қалби ҳар як бинандаву шунавандаро ба ваҷд овард. Барномаи фарҳангӣ бо пешниҳоди сурудҳои ҳунарпешаи ҷавон Зафар Абдуалимов, ки як навъ омезиши санъати имрӯзаи Шарқу Ғарб маҳсуб меёбад, ҷамъбаст гардид.

 Дар маҷмӯъ, барномаи фарҳангие, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик баҳри ҳаводорони санъати мусиқии шаҳри Санкт-Петербург пешниҳод гардид, ба ҷашни ҳақиқии дӯстиву якдилии ин ду бародаршаҳр табдил ёфт.

Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар Санкт-Петербург, ки аз 12- ум то 14-уми июл идома ёфтанд, дар таҳкиму густариши муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Душанбе ва Санкт- Петербург саҳифаҳои навро боз намуда,  баҳри   дарёфти  самту усулҳои тоза ва муайян кардани уфуқхои нави ҳамкорӣ  заминаи муътамад фароҳам овард.